image

ТАҶЛИЛИ ШОИСТАИ РӮЗИ ПОЙТАХТ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range16.04.2026, 09:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye9

15 апрели соли 2025 дар тарабхонаи «Яккачинор» бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ дар фазои идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳ, кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони минтақаву маҳаллаҳо, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар масъулини соҳаҳои гуногун иштирок варзиданд.

Нахуст муовини якуми Раиси ноҳияи Сино Беҳрӯз Искандарзода ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи пойтахт самимона табрик намуда, иброз дошт, ки шаҳри Душанбе имрӯз ба яке аз пойтахтҳои амну ободу замонавӣ табдил ёфтааст. Зикр гардид, ки ин дастовардҳо пеш аз ҳама самараи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар идома таъкид шуд, ки маҳз бо талошҳои пайваста ва иродаи қавии роҳбарияти олии кишвар симои пойтахт рӯз ба рӯз зеботару замонавӣ гардида, барои зиндагии шоистаи сокинон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо пешниҳоди барномаи рангину ҷолиби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия идомаи тантанаро боз ҳам шукуҳу шаҳомати хоса бахшида, хотири ҳозиринро болида гардонид.