БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ҲУДУДӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Санаи 16 апрели соли 2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июли 2025, №403 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027», қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 октябри соли 2025, №672 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027» ва қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шахри Душанбе аз 16 марти соли 2026, №46 ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ташкил ва баргузор карда шуд.
Комиссияи ҳудудии ноҳия бо мақсади огоҳонии аҳолии ноҳия аз масоили савдои одамон ташкил ва гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба хатари савдои одамон, ба табъ расонидани хабар оид ба кори Комиссияи ҳудудӣ, ҷинояту қонунвайрокуниҳои ошкоргардида дар воситаҳои ахбори омма, инчунин ташкили вохӯриҳо бо сокинон ва амалӣ сохтани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон таъсис дода шудааст.
Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома ҳисоботҳои аъзоёни Комиссия дар давраи солҳои 2022-2025 ва семоҳаи соли 2026 шунида шуда, мушкилот ва проблемаҳои ҷойдошта дар самти муқовимат ба савдои одамон қайд карда шуд.
Дар охир, аз ҷониби раиси Комиссия ҷиҳати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва бартарафсозии камбудиҳои соҳа ба аъзои Комиссия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ