image

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range17.04.2026, 10:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye57

16 апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» баргузор гардид.

     Дар рафти баргузории озмун муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раиси комиссияи даври ноҳиявии озмун - Манижабону Аминзода, аъзои комиссия, ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён — хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
      Қайд гардид, ки озмуни шаҳрии «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади амалисозии "Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" роҳандозӣ гардидааст.
     Барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №438 тасдиқ шудааст.
      Ҳадафи асосии озмун — ҳавасмандгардонии хонандагон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили маҳорати забондонӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, инчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав мебошад.
     Пас аз анҷоми маросими ифтитоҳ довталабон ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, даври ноҳиявии озмун ба кори худ оғоз намуд.