Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Сокинони шарафманди шаҳри Душанбе!
Бо камоли эҳтиром Шуморо ба ифтихори Рӯзи пойтахт - шаҳри зебо ва файзбахши Душанбе самимона табрик мегӯям.
Душанбе на танҳо пойтахт, балки маркази идорӣ, муҳаррику такягоҳи асосии рушди устувор, инноватсия ва ҳамкориҳои байналмилалии кишвар маҳсуб меёбад.
Ин маркази умеди тоҷикони ҷаҳон бо роҳнамоиҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои сокинони фаъолу худогоҳ имрӯз ҳамчун шаҳри муосир, амн ва дар ҳоли рушд, мавқеи худро дар миёни пойтахтҳои минтақа ва ҷаҳон устувор гардонида, ба макони мусоиди зиндагӣ ва фаъолияти созанда табдил ёфтааст.
Тӯли даҳ соли охир тавассути амалисозии босамари барномаҳои шаҳрсозӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва технологӣ, мо шоҳиди ташаккули муҳити муосири шаҳрсозӣ, болоравии сатҳи хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани сифати зиндагии сокинони пойтахт гардида истодаем.
Ин раванд имкон фароҳам меорад, ки Душанбе на танҳо барои сокинони худ, балки барои меҳмонону шарикони хориҷӣ низ ҷолиб ва боз бошад.
Имрӯз Душанбе рисолати муҳимми фарҳангиву маънавиро низ ба дӯш дошта, ба маркази табодули андешаҳо, рушди илму маърифат ва таҳкими худшиносии миллӣ табдил ёфта, симои фарҳангии кишварро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамояд.
Маврид ба зикри хос аст, ки рушди устувори пойтахт пеш аз ҳама ба сатҳи маърифати шаҳрвандӣ, эҳсоси масъулият ва заҳмати содиқонаю софдилонаи ҳар як сокини он вобаста аст.
Аз ин рӯ, мо бояд дар мавзуъҳои сабзу хуррамгардонии муҳити зист, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва дастгирии ташаббусҳои созанда ба хотири рушди босуботи Душанбе саҳмгузор бошем.
Бо ибрози орзуҳои нек таманнои онро дорам, ки шаҳри Душанбе минбаъд низ ҳамчун пойтахти имкониятҳо, пешрафт ва зиндагии арзанда рушд ёбад ва барои ҳар яки мо манбаи ифтихору илҳом бошад.
Рӯзи пойтахт муборак бод!
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ