БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ СИЁСИИ НОҲИЯВӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ШАҲРИ ДУШАНБЕ» ТАҲТИ УНВОНИ «ПОЙТАХТ - ОИНАИ МИЛЛАТ» ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
17 апрел бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар толори мақомоти иҷроия бо иштироки роҳбарият, соибқадорон, фаъолон ва олимону донишмандони соҳа ҳамоиши сиёсии ноҳиявӣ бахшида ба «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе» таҳти унвони «Пойтахт - оинаи миллат» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори ҳамоиш Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Дилшод Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ муҳтарам Наботзода Сиёвуш Холмурод ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҳмудов Давлатшо иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозиринро вобаста ба ин санаи фирӯз шодбош гуфтанд.
Зимни ироаи баромадҳо аз ҷониба маърӯзачиён қайд гардид, ки дар низоми давлатсозӣ ва давлатдорӣ пойтахт мақоми махсусро соҳиб буда, он ҳамчун нуқтаи баҳамоӣ, созиш, шаклгирӣ ва маркази ташаккули низом ва қувваҳои сиёсӣ, тавлид ва рушди ниҳодҳои фундаменталӣ ба ҳисоб меравад.
Пойтахти Тоҷикистони навин аз замони бунёд ва ташаккул ба маркази муҳими сиёсӣ - иқтисодӣ ва фарҳангӣ - иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун хонаи умед ва шаҳри сарсабзу дилоро барои ҳамватанони дохил ва меҳмонони хориҷӣ то ба имрӯз омада расидааст.
Душанбе - баъд аз замони ба Истиқлолият мушарраф гардидани Ватани маҳбубамон ба худ зиннат ва шуҳрати нав касб намуда, он имрӯз ба мизбони баргузории ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки дар ин раванд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори ҷавону умедбахш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ назаррас аст.
Дар охир, маърӯзачиён иброз доштанд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат ҳамаи моро мебояд, ки барои равнақи тамоми гӯшаву канори шаҳри азизамон бо заҳмати аҳлона ташаббусҳои созандаро роҳандозӣ намуда, ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамонро бо шукуҳу шаҳомат ва дастовардҳои арзанда пешвоз гирем.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ