ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПОЙТАХТ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
17 апрел бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Нахуст, муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Бозорзода Рустам Бозор ҳозиринро ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ самимона табрик намуда, ба сокинону меҳмонони пойтахт орзуҳои нек изҳор дошт.
Зикр гардид, ки шаҳри Душанбе имрӯз на танҳо маркази сиёсиву маъмурии кишвар, балки хонаи умед ва ифтихори тоҷикони ҷаҳон мебошад. Бо рушди босуръати инфрасохтор, фазои ободу зебо ва имкониятҳои васеи сайёҳӣ, пойтахт сол аз сол таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб менамояд.
Тайи солҳои охир Душанбе ба макони баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил ёфта, дар таҳкими нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми назаррас мегузорад.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо ҳунарнамоии сарояндаҳои маъруфи санъати тоҷик ранги тоза гирифт. Суруду таронаҳои ватандӯстона ва барномаи ҷолиби ҳунарӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшида, табъи ҳозиринро болида гардонид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ