image

БАРНОМАИ РАНГИНИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range18.04.2026, 12:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

17 апрели соли 2026 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар майдони кӯчаи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши идона сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок намуда, аз фазои идона ва барномаи рангини фарҳангӣ баҳравар шуданд.

Дар чорабинӣ барномаи консертии ҷолиб бо иштироки ҳунармандони шинохта пешкаши ҳозирин гардида, суруду таронаҳои ватандӯстона ва тараннумгари зебоии шаҳри Душанбе пешниҳоди тамошобинон карда шуд.