image

Оғози даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

date_range20.04.2026, 21:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye38

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонӣ" ва қарори Раиси ноҳияи Шоҳмнасруи шаҳри Душанебе имрӯз дар толори бошукуҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 ноҳия бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳёи таърихи ниёгон ва оммавигардонии осори безаволи Ҳаким Абулқосим Фардавсӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид. 

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода, аҳли адаб, омӯзгорон ва ғолибони даври муассисавии озмун иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода таъкид дошт, ки “Шоҳнома” танҳо як асари адабӣ нест, балки сарчашмаи мардонагиву ватандӯстӣ ва далериву шуҷоат аст. Ҳамзамон қайд гардид, ки бо иқдоми наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Шоҳнома” ба ҳар як оилаи кишвар ҳадя намудаанд, таваҷҷуҳ ба ин шоҳкорӣ дучанд гаштааст ва ногуфта намонад, ки ҳадаф аз баргузории озмуни “Шоҳномахонӣ”, пеш аз ҳама тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, ватанпарварӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.