image

ИСТИҚБОЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК

date_range21.04.2026, 02:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye44

20 апрели соли 2026 варзишгарони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо, пас аз иштироки муваффақона дар Чемпионати Осиё–2026, ба Ватан баргашта, дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуданд.

Дар маросими расмии истиқбол Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, муовини раиси шаҳри Душанбе Олилзода Дилбар, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои варзишӣ ва ҳаводорони сершумор иштирок намуданд.

Зимни рақобатҳои пуршиддати сатҳи баланди Чемпионати Осиё варзишгарони тоҷик натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, обрӯ ва эътибори варзиши миллиро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшиданд:

🥇 Эмомалӣ Нуралӣ ва Муҳиддин Асадуллоев — медалҳои тилло

🥈 Обид Ҷебов ва Сомон Маҳмадбеков — медалҳои нуқра

🥉 Мадина Қурбонзода — медали биринҷӣ

Таъкид гардид, ки дастовардҳои варзишгарон далели равшани рушди устувор ва таҳкими мактаби миллии ҷудо буда, саҳми онҳо дар муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ арзандаи таҳсин мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир ба ҳар як варзишгари ғолиб туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

kjv.tj