image

ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАҲОИ СУРХОБ, САҲБО ВА КӮҲДОМАНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ 

date_range21.04.2026, 03:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye47

20 апрел бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар маҳаллаҳои Сурхоб, Саҳбо ва Кӯҳдоман баҳри пос доштани расму оинҳои миллӣ, бо омода намудани хурокҳои баҳорӣ ҷамъомади идонаи сокинон ташкил ва баргузор карда шуд. 
   Дар чорабинӣ занону гулдухтарони ноҳия бо бар кардани либоси миллӣ ва бо ифтихори ватандорию ҳисси баланди хештаншиносӣ дар ҷашни имрӯза шеъру сурудхонӣ намуданд. Ҳамзамон дар доираи тантанаҳои идона мусобиқаи гуштини миллӣ баргузор гардида, паҳлавонони маҳаллӣ қувваозмоӣ намуда, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд.
   Бояд қайд намуд, ки доир ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз  бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии кишвар, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгон ва шукргузорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тавассути барномаҳои пуршукӯҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст.