image

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ КАДБОНУИ БЕҲТАРИН

date_range22.04.2026, 06:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye52

 21 апрел бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» дар тарабхонаи «Яккачинор» бо ҷалби занони хонашин ва коргар аз тамоми мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии ноҳияҳои пойтахт баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо мақсади эҳё, ҳифз ва омода намудани таомҳои миллии маҳаллӣ, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ ва муосир, хӯрокҳои азбайнрафта дар муҳити хонавода ва маҳалли зист, тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳайси кадбонуҳои моҳир, пешхизматон, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, ошноӣ бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ дар пухту паз ва пешниҳоди таомҳои миллию муосир, ҷалби занони хонашин ва коргар аз тамоми мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ баргузор карда шуд.

Дар ифтитоҳи озмуни мазкур Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тибқи муқаррароти Низомнома иштирокчиёни озмун аз рӯи меъёрҳои зерин муайян мегарданд:

- ороиши дастархон ва доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳо болои миз;

- омода ва пешниҳоди таомҳои миллии маҳаллӣ ва муосир, хӯрокҳои азбайнрафта, хӯришҳои болаззат;

- пешниҳоди маълумоти шифоҳӣ оид ба номи дуруститаом ва хӯришҳо, ғизонокӣ ва таркиби он;

- таҳия ва пешниҳоди навори видеоӣ (ролик) оид ба тарзипухтани таоми миллии маҳаллӣ-маҳорати худро нишон дода, беҳтаринҳо бо Дипломҳои дараҷаи якум, дуюм, сеюм ва барои иштироки фаъолона бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.