image

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» — ҶАШНИ ЗЕБОӢ ВА ОБОДОНӢ ДАР КИШВАР

date_range27.04.2026, 04:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye10

26 апрел дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор гардид.

Ин навбат Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи 10 номинатсия: «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашт ва хиёбон», «Боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «Деҳаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Вилояти беҳтарин» баргузор гардида, ғолибон бо Шоҳҷоиза, дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе барои барои баргузор намудани фестивали мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими нави ниҳолшинонӣ 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида шудааст.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Сайри гули лола» эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром нисбат ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати аҳолӣ ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо - «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҳаштум аст, ки дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мешавад.