БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТҲОИ МУҲИМ МИЁНИ ДУШАНБЕ ВА ФЛАНДРИЯ
27 апрел дар доираи сафари кории ҳайати шаҳри Душанбе ба Шоҳигарии Белгия ҳамоиши иқтисодию соҳибкорӣ ва сайёҳӣ бо иштироки доираи ниҳодҳои давлатию хусусии минтақаи Фландрия доир гардид.
Зимни ин чорабинӣ имкониятҳои ҷонибҳо дар самтҳои иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, логистика, дорӯсозӣ, агросаноатӣ, сайёҳӣ, рақамикунонӣ ва рушди устувории шаҳрӣ муаррифӣ гардида, атрофи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Маврид ба қайд аст, ки Фландрия ҳамчун яке аз се минтақаи асосии Шоҳигарии Белгия бо нишондиҳандаҳои баланди рушди иқтисодӣ, саноатӣ ва иқтидори содиротии худ дар ҳавзаи Иттиҳоди Аврупо мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ