image

ШИНОСОӢ АЗ АВТОМАГИСТРАЛИ БАЛАНДСУРАЪТИ ГИМПО - ПАДЖУИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

date_range28.04.2026, 13:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye54

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири нақлиёт Неъматзода Фаррух ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин аз майдони сохтмони қитъаи дуюми автомагистрали баландсуръати Гимпо — Паджу бо дарозии умумии 6,73 км боздид намуда, бо рафти корҳои асосӣ шинос шуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба сохтмони нақб дар зери дарёи Ҳанган бо дарозии 2 980 метр зоҳир гардид, ки кандани он бо истифода аз мошини нақбкан (ТПМК)-и калонтарин диаметраш дар кишвар амалӣ гардида, ҳамзамон бо истифодаи низомҳои интеллектуалии идоракунии бехатарӣ дар реҷаи вақти воқеӣ анҷом дода мешавад.

Аъзои ҳайат усулҳои пешрафтаи азхудкунии фазои зеризаминиро аз наздик арзёбӣ намуда, инчунин доир ба навовариҳои технологӣ (ноу-хау)-и Ҷумҳурии Корея маълумоти муфассал гирифтанд.