ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2026"
28 апрел дар муассисаи таълимии томактабии №1 даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии сол – 2026” дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
Даври ноҳиявии Озмун бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур - сарпарасти соҳа Заррина Зуҳурзода оғоз гардида, зимни баромад номбурда таъкид намуд, ки баланд бардоштани мақому манзалати мураббиён, такмили маҳорати касбӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбия ва дастгирии мутахассисони болаёқат яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин қайд гардид, ки фаъолияти босамари мураббиён дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди зеҳнию маънавӣ ва ахлоқии насли наврас нақши калидӣ дорад.
Дар даври ноҳиявии озмун мураббияҳои муассисаҳои таълимии томактабии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, сатҳи баланди дониши касбӣ, маҳорати педагогӣ, малакаҳои методӣ ва қобилияти эҷодии худро ба намоиш гузоштанд. Иштирокчиён бо машғулиятҳои намунавӣ, баромадҳои методӣ ва пешниҳоди таҷрибаи пешқадам сазовори баҳои баланд гардиданд.
Бо мақсади таъмини шаффофият ва риояи талаботи муқарраргардидаи озмун ҳайати доварон аз ҳисоби мураббияҳои соҳибтаҷриба, роҳбарони муассисаҳои томактабӣ ва мутахассисони соҳаи маориф таъсис дода шуда, фаъолияти иштирокчиёнро мутобиқ ба меъёрҳои муқарраршуда арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани раванди баргузории озмун кумитаи тадорукот фаъолият бурда, ҳамаи корҳои ташкилию методиро мувофиқи талаботи амалкунанда ба роҳ монд.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин озмунҳои касбӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мураббиён, такмили маҳорати педагогӣ, рушди методикаи таълиму тарбия, густариши таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ