БАРНОМАИ ИТТИЛООТИИ «KUDAK.TJ» РӮНАМОӢ ШУД
27 апрели соли ҷорӣ дар бинои IT Park Dushanbe маросими расмии рӯнамоии барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар чорабинӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б.М., муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон Муқимӣ Д., доктори илмҳои педагогӣ академик, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Каримова И., сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарализода Д., сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҳмадова Т., директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ш., директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Муродзода З., намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази таҳлилӣ иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, менеҷерони барнома, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор шуда, ба марҳалаи нави рақамикунонии равандҳои таҳсилоти томактабӣ дар пойтахт оғоз бахшид.
Бояд гуфт, ки барномаи иттилоотии «Kudak.tj» низоми ягонаи рақамӣ барои бақайдгирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо, идоракунии раванди қабул, ташкили омори дақиқ ва такмили ҳамкории муассисаҳо бо волидайн мебошад. Он бо мақсади содагардонии расмиёти бақайдгирӣ, таъмини шаффофияти навбат ва роҳхат, автоматикунонии журнали давомот ва беҳтар намудани назорати дохилии муассисаҳои томактабӣ таҳия шудааст.
Нахуст, видеоролики муаррифавӣ дар бораи барнома ва равандҳои бақайдгирии онлайн, кори утоқи шахсии волидайн ва имкониятҳои идоракунии электронӣ барои муассисаҳо намоиш дода шуд.
Маросим бо сухани ифтитоҳии сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б.М. оғоз ёфт. Мавсуф зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки татбиқи «Kudak.tj» натиҷаи амалии сиёсати давлатӣ дар самти рушди инфрасохтори рақамии маориф ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти кишвар оид ба истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи таълиму тарбияи кӯдакон мебошад.
Зикр шуд, ки барнома дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 сентябри соли 2025, №575 роҳандозӣ гардида, аввалин маротиба маҳз дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт ба кор дароварда шудааст. Ба таъкиди роҳбарияти соҳа, таҷрибаи Душанбе минбаъд метавонад барои дигар шаҳру ноҳияҳо низ ҳамчун намуна хизмат кунад.
Дар қисми амалии чорабинӣ менеҷерони барнома аз Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» сохтор ва тартиби истифодаи «Kudak.tj»-ро бо баргузории рӯнамо ва намоиши слайдҳо шарҳ доданд.
Дар ҷараёни баромадҳо имкониятҳои асосии барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои падару модарон ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ муфассал шарҳ дода шуданд. Қайд гардид, ки барои волидайн барнома бақайдгирии онлайн ва пешниҳоди ариза бидуни муроҷиатҳои такрорӣ ба идораҳоро таъмин менамояд, имконият медиҳад кӯдакистонро тавассути харитаи интерактивӣ аз рӯйи маҳалла ва ҷойгиршавӣ интихоб кунанд, ҳолати дархост ва навбати электрониро дар утоқи шахсӣ пайгирӣ намоянд, дар ҳар марҳилаи баррасии дархост паёмак ва огоҳинома гиранд ва аз китобҳои электронӣ, афсонаҳои матниву видеоӣ ва дигар маводи омӯзишиву тарбиявӣ баҳра баранд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки барои муассисаҳои томактабӣ барномаи иттилоотии «Kudak.tj» бақайдгирии марказонидашудаи дархостҳои волидайн ва коркарди электронии онҳоро ба роҳ мемонад, идоракунии гурӯҳҳо, ҷойҳои холӣ ва равандҳои қабулу радро бо сабти электронӣ осон мекунад, журнали электронии давомотро барои сабти ҳузуру ғоибии таълимгирандагон таъмин менамояд. Инчунин, барнома имкони дастрасии фаврӣ ба омори оперативӣ оид ба шумораи кӯдакон, гурӯҳҳо ва дархостҳоро фароҳам меорад ва робитаи кории муассисаҳоро бо волидайн ва мақомоти болоӣ тақвият медиҳад.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар назди Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» гурӯҳҳои кории махсус барои дастгирии техникӣ, машварати методӣ ва ҳамоҳангсозии татбиқи барнома дар муассисаҳои томактабии пойтахт фаъолият мекунанд.
Дар бахши саволу ҷавоб роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, мураббиён ва намояндагони ВАО саволҳои худро роҷеъ ба тартиби ба қайд гирифтани шахсони имтиёздор, ислоҳи маълумот дар ҳолати хато, амнияти иттилоот ва такмили минбаъдаи барнома матраҳ намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ доктори илмҳои педагогӣ академик, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Каримова И., сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарализода Д., сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҳмадова Т., директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ш. Ба музокира баромада доир ба такмили барнома пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Иштирокчиён аз ҷорӣ гардидани чунин низоми ягонаи рақамӣ истиқбол намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ҷараёни татбиқи минбаъдаи барнома баён карданд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки «Kudak.tj» барои таҳким бахшидани шаффофият, сарфаи вақт, баланд бардоштани сифати идоракунӣ ва таҳкими робитаи муассисаҳои томактабӣ бо волидайн нақши муҳим хоҳад бозид. Ба гуфтаи масъулон, ҳамзамон бо тавсеаи ҷуғрофии барнома, пайваста такмил додани муҳтавои рақамӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ба корбарон дар назар дошта шудааст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ