image

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ "ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ" ВА "ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

date_range29.04.2026, 04:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye47

28 апрел бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Исмоили Сомонӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии "Забон донӣ- ҷаҳон донӣ" ва "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” баргузор гардид. 

   Дар маросими ҷоизасупории озмунҳои мазкур муовини Раиси ноҳия, раиси комиссияи озмун – Манижабону Аминзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳайати кумитаи тадорукоти озмун, ҳакамон, ғолибони озмун, омӯзгорон ва волидайни онҳо ширкат варзиданд. 

   Лозим ба ёдоварист, ки озмунҳои мазкур соли ҷорӣ тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҷалби оммавии хонандагон ба забономӯзӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт равона карда шудаст.

   Бо мақсади таъмини шаффофият, эътимод ва баҳогузорӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои мазкур ҳайати ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорон ва мутахассисони баландтаҷриба, кордон ва донишманд ҷалб карда шуданд. 

   Дар ҷамъбасти озмунҳои "Забон донӣ-ҷаҳон донӣ" ва "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" аз ҷониби ҳайати кумитаи тадорукот ҳакамон, ғолибон, омӯзгорон ва волидайни онҳо бо Ҷом, Диплом, Сипоснома ва мукофотпулиҳо дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.

     Инчунин, ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои зикршуда, ҷиҳати иштирок ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд