image

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ НАМУНАВӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №70-И НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

date_range29.04.2026, 04:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye36

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода” барои соли 2026, инчунин иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии кормандону хонандагон ба ҳолатҳои фавқулодда ва такмили малакаҳои амалӣ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷамшед Маҷидзода, намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, масъулини хадамоти энергетикии ноҳия, роҳбарон ва омӯзгорони фанни омодагии ибтидоии ҳарбии муассисаҳои таълимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти чорабинӣ тартиби омодагӣ ва амалҳои зарурӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда, иҷрои нақшаи эвакуатсия, истифодаи воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, чораҳои пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва дигар машқҳои амалӣ ба таври намунавӣ ва мутобиқ ба талаботи соҳавӣ баргузор карда шуданд.

Иштирокчиён ба сатҳи омодагӣ, интизоми хонандагон, маҳорати касбии омӯзгорон ва фаъолияти роҳбарияти муассиса баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳои муҳими амалӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги бехатарӣ ва омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда аҳамияти калон дорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандон ва фаъолоне, ки дар пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода саҳми арзанда гузоштаанд, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин вобаста ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, такмили заминаи моддиву техникӣ ва мунтазам баргузор намудани машқҳои омӯзишӣ дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.