image

ОҒОЗИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range28.04.2026, 04:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye3

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 27-уми апрели соли 2026 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оғози даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Раиси ноҳияи Сино Ситора Сафарализода, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Маҳмуд Назарзода, мудири бахши фарҳанги ноҳия Тахмина Султонзода, аъзои ҳайати ҳакамон, намояндагони соҳаи фарҳанг ва дӯстдорони санъат иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҳунар, рушди санъати миллӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва тарғиби фарҳангу маърифати миллӣ роҳандозӣ гардида, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор мешавад.

Дар даври ноҳиявии озмуни мазкур зиёда аз 215 нафар довталаб аз рӯйи номинатсияҳои гуногун маҳорати эҷодӣ ва ҳунарии худро пешкаши ҳайати ҳакамон намуданд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо барои рушду нумӯи фарҳанги миллӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод ва муаррифии имкониятҳои эҷодии насли наврасу ҷавон заминаи мусоид фароҳам меорад.