image

БАРГУЗОРИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range29.04.2026, 04:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye30

28 апрел дар прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа прокурори ноҳияи Сино Раҳмонзода Анвар Хол, муовини раиси ноҳияи Сино Ситора Сафарализода, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони мақомоти иҷроия, масъулини соҳаи тандурустӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаи иҷрои нақшаи фаъолияти Шуро вобаста ба ҳолати риоя ва татбиқи талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид карда шуд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои рушди инфрасохтори тиббӣ, беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа пайваста тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.

Қайд гардид, ки дар ҳудуди ноҳияи Сино шабакаи муассисаҳои тандурустӣ ба сокинон хизмат расонида, ҷиҳати таъмини кадрҳо, муҷаҳҳазсозии муассисаҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Ҳамзамон, дар рафти таҳлил як қатор камбудиҳо дар самти интизоми меҳнатӣ, риояи меъёрҳои хизматрасонӣ, иҷрои санадҳои соҳавӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ошкор гардида, барои бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ҳамчунин ба масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, назорати ҳомиладорӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва истифодаи самараноки захираҳои соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби аъзои Шуро қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Мақсад аз баргузории ҷаласа ин таҳкими қонуният, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамкории пайвастаи мақомоти давлатӣ ва масъулини соҳа метавонад заминаи боэътимод барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва таъмини саломатии ҷомеа гардад.