Ифтитоҳи Гӯшаи китобии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 апрели соли чорӣ аз ҷониби шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии «Китобхонаи миллӣ» рунамоиии Гӯшаи китобии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи ин гӯша намояндагони Сафорати Ҷумҳрии Исломии Покистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, азли илму адаби кишвар, масъулини «Китобхонаи миллӣ» ва донишҷӯёну омӯзгорон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатии худро ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон барқарор намуда, Ҷумҳурии Исломии Покистон аз аввалин давлатҳоест, ки соҳибистиқлолии Тоҷикитонро ба расмият шинохт ва имрӯз низ ҳамкориҳои дуҷонибаи ду давлат бо кӯшишҳои тарафайн рушду тақвият меёбанд.
Зимни суханрониҳо зикр шуд, ки ифтитоҳи ин гӯша дар «Китобхонаи миллӣ» имконияти фарохро барои хонандагони тоҷик ҷиҳати аз наздик ошно шудан бо мероси адабӣ, илмӣ ва фарҳангии Покистон фароҳам меовард, ки ин омил сабаби боз ҳам густариш ёфтани робитаҳои фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар мегардад.
Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба нақши китоб дар рушди зеҳнии хонанда ва кушодашавии ин гӯшаҳо барои ғанисозии завқи бадеӣ ва маърифатнокии насли наврасу ҷавон ибрози назар карданд.
Дар идомаи чорабинӣ қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷӯён сурат гирифт. Пас аз маросими ифтитоҳ меҳмонон аз Гӯшаи китоби Покистон ва осори пурғановати илмиву адабии он боздид ба амал оварданд.
Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"
Тақвим
| « Май 2026 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
| 1 | 2 | 3 | ||||
| 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
| 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
| 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
| 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ