image

ШОҲМАНСУР: МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ "ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ" ВА "ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ"

date_range01.05.2026, 04:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

30 апрели соли 2026 дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" ва  "Забон донӣ - ҷаҳон донӣ" дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. 

Дар маросими ҷоизасупории озмунҳои мазкур муовини Раиси ноҳия, раиси комиссияи озмун Зуҳурзода Заррина Ҳабибулло, мудири маориф  Бобозода Асомиддин Ҳасан, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳайати кумитаи тадорукоти озмун, ҳакамон, ғолибони озмун, омӯзгорон ва волидайни онҳо ширкат варзиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки озмунҳои мазкур соли ҷорӣ тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҷалби оммавии хонандагон ба забономӯзӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт равона карда шудаст.

Дар ҷамъбасти озмунҳои "Забон донӣ-ҷаҳон донӣ" ва "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" аз ҷониби ҳайати кумитаи тадорукот ҳакамон, ғолибон, омӯзгорон ва волидайни онҳо бо ҷом, диплом, сипоснома ва мукофотпулӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.