image

БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР ПОЙТАХТ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

date_range17.05.2026, 17:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye48

  17 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
   Дар Дави миллии имсола нафарони касбу кори гуногун аз вазорату кумитаҳо, идораву муаасисаҳо, доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ  фаъолона иштирок намуданд.
   Дар ибтидои чорабинӣ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифиъӣ ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар суханронӣ намуда, аз ғамхориҳои таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш ва дар фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон саҳми беандоза мегузоранд, изҳори миннатдорӣ намуданд. 
   Ҳамчунин қайд карда шуд, ки солҳои охир ташаббус ва саҳми боризи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон бениҳоят зиёд буда, ҳамчунин маҳз бо ташаббус ва пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамакнун Рӯзи ҷаҳонии Футбол дар тамоми кишварҳои олам бо шукуҳ таҷлил мегардад.
   Қобили қайд аст, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола  якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад, ки сол аз сол шумораи иштирокчиёни он  меафзояд.
   Бояд қайд намуд, ки ҳамасола бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш  дар саросари мамлакат Дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешаванд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Дави миллии имсол зиёда аз 32000 нафар ва марафони велосипедронӣ беш аз 400 нафар иштирок намуданд.