image

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ БА ДУШАНБЕ

date_range21.05.2026, 03:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye44

20 май ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, ки барои иштирок дар Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, дар боғи атрофи майдони “Дӯстӣ” дарахт шинониданд. Дар ин асно меҳмононро муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб ҳамроҳӣ намуд. 

Давоми рӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро, ки барои иштирок дар Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ба пойтахти кишвар ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз муколамаи фаъол ва мунтазами сатҳи олӣ тайи 35 соли робитаҳои бародаршаҳрӣ изҳори қаноатмандӣ карда, густариши боз ҳам бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи байнишаҳриро дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ ба манфиати мардумони ду шаҳр арзёбӣ намуданд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо саъю талошҳои пайгиронаи муштарак равобити Душанбею Санкт-Петербург минбаъд низ ба таври афзоянда густариш ёфта, бо иқдомоти нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гардид.

Маврид ба қайд аст, ки санаи 6 октябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Созишнома оид ба бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба имзо расидааст.