image

БОЗДИДИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ ХОРИҶӢ АЗ ИМКОНИЯТҲОИ ТЕХНИКӢ ВА ФАЗОИ КОРИИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ДУШАНБЕ

date_range25.05.2026, 21:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye50

Дар доираи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018–2028, ки рӯзҳои 25–28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳайати рӯзноманигорон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои иштирокчӣ ва инъикоскунанда аз Телевизиони Душанбе боздид намуданд.

Меҳмононро роҳбарияти Телевизиони Душанбе истиқбол гирифта, онҳоро бо шароити корӣ, имкониятҳои техникию эҷодӣ ва фаъолияти шабака дар самти таҳия ва пешниҳоди барномаҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ шинос намуданд.

Зимни боздид намояндагони васоити ахбори омма аз студияҳои сабт, утоқҳои техникӣ, марказҳои идоракунӣ ва дигар бахшҳои фаъолияти телевизион дидан намуда, бо равандҳои омодасозии барномаҳо аз наздик ошно гардиданд.

Роҳбарияти Телевизиони Душанбе зимни муаррифии имкониятҳои телевизионӣ иброз доштанд, ки имрӯз шабака бо истифода аз технологияҳои муосир фаъолияти худро густариш дода, барои инъикоси саривақтӣ ва босифати рӯйдодҳои муҳими дохиливу байналмилалӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст.

Таъкид гардид, ки баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла конфронси вобаста ба масъалаҳои об, барои рушди ҳамкориҳои иттилоотӣ ва густариши табодули таҷриба миёни намояндагони ВАО мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни боздид рӯзноманигорони хориҷӣ аз имкониятҳои техникӣ ва фазои кории Телевизиони Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми воситаҳои ахбори оммаро дар инъикоси масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла ҳифзи захираҳои об ва рушди устувор муҳим арзёбӣ карданд. Яке аз рӯзноманигорони иштирокчӣ зимни суҳбат иброз дошт, ки Тоҷикистон имрӯз ба яке аз кишварҳои фаъол дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии вобаста ба масъалаҳои об табдил ёфтааст ва баргузории чунин конфронсҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои муҳити зист аҳаммияти калон дорад.

Рӯзноманигори дигари иштирокчӣ бошад, қайд кард, ки рушди соҳаи телевизион ва истифодаи технологияҳои муосир дар Тоҷикистон барои пешниҳоди босифати иттилоот ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ба гуфтаи ӯ, боздид аз шабакаи телевизионӣ имконият дод, то бо таҷрибаи фаъолияти журналистон ва имкониятҳои техникии телевизион аз наздик шинос шавад.

Дар фарҷоми боздид меҳмонон ба роҳбарияти Телевизиони Душанбе барои пазироии самимӣ ва фароҳам овардани имконияти шиносоӣ бо фаъолияти шабака изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, баргузории чунин мулоқоту боздидҳоро барои таҳкими ҳамкориҳои касбӣ муҳим арзёбӣ карданд.