image

Ҷамъбасти Конфронси 4-уми Раванди Оби Душанбе ва қабули Декларатсияи Душанбе

date_range28.05.2026, 09:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye49

27.05.2026. Кохи Сомон.

27-уми майи соли ҷорӣ Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар Кохи Сомон анҷом ёфта, аз натиҷаи он Декларатсия ё худ Эъломияи Душанбе қабул шуд.

Нимаи дуюми рӯз пас аз анҷоми кори Конфронс нишасти матбуотӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва намояндаи СММ бо  рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.

Зимни нишаст Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тӯли чанд рӯзи баргузории Конфронс шаҳри Душанбе бори дигар ба майдони ҷаҳонӣ ҷиҳати баррасии масоили асосии рӯзномаи обу иқлим, тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ин самт табдил ёфт.

Иттилоъ дода шуд, кишвар дар Конфронс беш аз 2500 нафар, аз ҷумла 1100 нафар аз 110 кишвари ҷаҳон, 75 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон 170 ташкилоти ғайридавлатӣ ва муассисаҳои академӣ ширкат варзида, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Раванди оби Душанбе равона карда, онро ҳамчун платформаи муҳими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об бори дигар эътироф ва тасдиқ намуд.

Аз натиҷаҳои Конфронс Декларатсияи Душанбе қабул шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронс ба татбиқи минбаъдаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», раванди омодагиҳо ба Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2026 ва Конфронси ҷамъбастии соли 2028 нақши муассир хоҳанд гузошт.

Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ баргузор карда шуд. Тибқи барномаи Конфронс тӯли чанд рӯзҳои баргузории Конфронс ҷаласаҳои пленарӣ, сессияҳои мавзуӣ, муҳокимаҳои махсуси панелӣ, форумҳо, чорабиниҳои параллелӣ ва дигар вохӯриҳоро баргузор карда шуд, ки он ба паҳлӯҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонии об рабт доштанд.

Сарвиноз Гулова 
"Телевизиони Душанбе"