image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КОМИССИЯ ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАКИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range03.06.2026, 08:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

2 июн дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини Раиси ноҳияи Сино Ситора Сафарализода, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Шералӣ Мирзоализода, котиби мақомоти васояту парасторӣ Бахтовар Саидзода, сардорони минтақаҳо ва маҳаллаҳо, инчунин намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаи мавриди амал қарор додани Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба татбиқи самараноки муқаррароти он, баланд бардоштани масъулияти падару модарон ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми ҷаласа ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои дар назди комиссияҳои ҷамъиятӣ гузошташуда ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.