image

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА МАСЪУЛИНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКҲОИ НОҲИЯ

date_range03.06.2026, 08:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77 тибқи Нақшаи муштараки мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии нашъамандӣ, гароиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, инчунин иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи ҳудуди давлатҳои хориҷӣ, маблағгузории терроризм, муқовимат бо савдои одамон, пешгирии ғасби ғайриқонунии замин ва сохтмонҳои худсарона, риояи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе, одоби шаҳрнишинӣ, фарҳанги миллӣ, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», дар ин замина вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо мақсади истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони НМ ИХФМ №1 ва №2-и ноҳия вохӯрӣ доир гардид. 

Мулоқот бо иштироки муовини якуми Раиси ноҳия Абдуллои Санъат ва прокурори ноҳия Абдуқодирзода Фаррух Комил намояндагони сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот дар ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия, инчунин дигар шахсони расмӣ доир гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси ноҳия Абдуллои Санъат оғоз намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи он ошно намуд. Баъд аз ифтитоҳи расмӣ, сухан ба прокурори ноҳияи Фирдавсӣ Абдуқодирзода Фаррух Комил дода шуд. 

Дар навбати худ прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои болозикр бо истифода аз факту рақамҳои мавҷуда андешаҳои худро баён намуда, дар идома иброз доштанд, ки дар шароити муосир масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи самараноки стратегияҳои миллӣ дар ин самт заминаи устувори таъмини амнияти ҷомеа ва суботи давлат мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ, ҳамзамон, таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, бахусус ифротгароӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрам саволу ҷавобҳо пешниҳод намуда, фикру андешаҳои худро баён доштанд. Дар анҷом аз ҷониби Абдуқодирзода Фаррух Комил иброз гардид, ки ҳар як фарди худогоҳ бояд дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ҳамчун роҳнамо дар фаъолияти минбаъдаи худ қарор дода, барои таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.