image

СИЛСИЛАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range03.06.2026, 09:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

Бо мақсади шоиста пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе корҳои ободонӣ ва созандагӣ бомароми тоза идома дошта, ташаббусу иқдомҳои коромад рӯйи даст гирифта шудааст. 

Бояд гуфт, ки ин иқдомот дар партави сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиву амалҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бобати вусъат додани корҳои ободонӣ пеша гардида, корҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар аксари шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия бо вусъати тоза идома доранд.

Бо ин мақсад дар маҳаллаи Ҳосилот-1 ноҳияи Фирдавсӣ таъмир ва азнавсозии роҳҳои обгузар пеш аз асфалтпӯш гардидани роҳраву кӯчаҳо бо суръати баланд идома дошта, масъулон кушиш доранд дар вақту фурсати муайяншуда кори худро анҷом бахшанд. Ҳамзамон ба ин, дар маҳаллаи Гулпарвар-1 барои 450 м2 роҳро мумфарш намудан корҳои ҳамворнамоии роҳ бо техниаву таҷҳизотҳои зарурӣ ҷараён дошта, дар рӯзҳои наздик сокинони маҳалла аз роҳи нав истифода хоҳанд бурд. 

Сокинони ин маҳаллаҳо аз он хотири болидарӯҳӣ менамоянд, ки дар фазои озодӣ ва сулҳу субот аз ҷашни муқаддасу барои миллати тоҷик шоиста – 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бошукӯҳу шаҳомат пешвоз мегиранд ва саҳми хешро дар ободонию шукуфоии сарзамин аҷдодӣ мегузоранд.