БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ НОҲИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ СОЛҲОИ 2026–2027
2 июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷаласаи Ситоди ноҳиявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 27 апрели соли 2026, №349 ва қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 20 майи соли 2026, №76 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, омодасозии иншоот, таъмини фаъолияти босуботи шабакаҳои муҳандисӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти мунтазам дар мавсими тирамоҳу зимистон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамчунин, ба масъулини соҳаҳои дахлдор супориш дода шуд, ки рафти иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва таъмини омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 чораҳои амалӣ андешида шаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати татбиқи босамари нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ва таъмини фаъолияти устувори тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия корҳои заруриро идома медиҳад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ