image

ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 

date_range04.06.2026, 19:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye42

Дар Муассисаи таълимии Литсейи Умари Хайём ҳамоиши гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, омӯзгорон, хонандагон, донишҷӯён ва падару модарон иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлату ҳукумат ба шумор рафта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, рушди қобилият ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд. Баромадкунандагон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, онҳоро ба омӯзиши илмҳои муосир, иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳо ва истифодаи самараноки вақт ҳидоят намуданд.

Қайд шуд,ки соҳиб гардидани ҷавонон ба стипендияҳо натиҷаи донишандӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва талошҳои пайвастаи онҳо мебошад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки чунин дастгириҳо барои дарёфти дастовардҳои боз ҳам бештар заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар идомаи чорабинӣ ба гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе шаҳодатномаҳо ва кортҳои бонкӣ тақдим карда шуданд.

Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардида, иштирокдорон чунин иқдомҳои ҳавасмандкунандаро омили муҳимми баланд бардоштани завқи илмомӯзӣ ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон арзёбӣ намуданд.

Меҳринисо Рауфова

"ТВ Душанбе"