ОҒОЗИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе, санаи 6 июни соли 2026 Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Шаҳритуси Вилояти Хатлон оғоз гардид. Чорабинӣ дар ҳусни ҳамкориҳои муштарак ва зичи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва ноҳияи Шаҳритуси Вилояти Хатлон таҳрезӣ шуда, ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом шуд.
Ҳамоиш бо иштироки роҳбарияти шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳритус, намояндагони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ва варзиш ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Иштирокдорон, баробари ворид шудан дар саҳни ҳавлии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумии сокинони ноҳияи Шаҳритус аз наздик ошно шуданд.
Дар қисмати суханронӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин меҳмонон ва иштирокдоронро ба Рӯзи фарҳангии шаҳру ноҳияи Тоҷикистон, ки аз 6 июн то 23 августи соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, шодбош гуфт. Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд баргузор кардани намоиши маҳсулотҳои ватанӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби деҳқонону ҳунармандони ҳирфаии ноҳияи Шаҳритус пешкаш гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиш, барои ҳамкориҳои судманд ва дар сатҳи баланд баргузор намудани рӯзҳои фарҳангӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Шаҳритуси Вилояти Хатлон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус “Сипоснома” тақдим карда шуд. Аз ҷониби дигар Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ низ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагии ҷашнӣ гузаронидани ҳамоиши мазкур ба “Сипоноснома”-и Ҳукумати ноҳияи Шаҳритус қадрдонӣ шуданд.
Қисмати фарҳангии ҳамоиш бо барномаи рангини ҳунарӣ бо иштироки устодони санъат, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритуси Вилояти Хатлон манзури хотири ҳозирин гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияи кишвар дар шаҳри Душанбе тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ