РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ИДОМАИ ПУРШУКӮҲИ ҶАШНӢ
Нимаи дувуми рӯзи 7 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар асоси силсила барномаҳои истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Ҷайҳуни оғоз шуд.
Дар ин рӯз, аз ҳайати расмии чорабинӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҷайҳун, ҳамзамон роҳбарияти Агентии давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар намояндагони расмӣ ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ, иштирокдорон баробари ворид шудан дар саҳни ҳавлии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз саҳнаи дилошӯби таҳиянамудани дастандаркорон - намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумии сокинони ноҳияи Ҷайҳун, таъомҳои миллии омодакардаи сокинони ноҳия ва дигар саҳнаҳои ҷолибу назаргирро аз наздик диданд.
Баъд аз дидору ошноӣ аз намоиши молу маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам Раҳим бо сухани муқаддамотӣ меҳмонон ва иштирокдоронро ба Рӯзи фарҳангии ноҳияи Ҷайҳун дар шаҳри Душанбе муборакбод намуд ва барои дар сатҳи баланд баргузор кардани намоиши маҳсулотҳои ватанӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби деҳқонону ҳунармандони чорабинии имрӯза пешкаш гардид, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар идома барои ҳамкориҳои судманд ва дар сатҳи баланд баргузор намудани рӯзҳои фарҳангӣ, намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.
Сипас, дар қисмати фарҳангии ҳамоиш ҳунармандони ноҳияи Ҷайҳун бо барномаи рангини ҳунарӣ хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Баъд аз анҷоми намоиш бо иштирокчиён ва саҳмгузорони Рӯзи фарҳангии ноҳияи Ҷайҳун расми хотиравӣ гирифта шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ