ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши гирандагони Стипендияи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони зерсохторҳои мақомот, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, масъулин ва довталабон ширкат варзиданд.
Масъулин зимни баромади худ аз дастгириҳои давлатии ҷавонон, хусусан дар мадди аввали сиёсати худ қарор додани сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардиданд ва доир ба дастовардҳои ҷавонон ва саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишварро ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар рушду нумӯи кишвар бо дастовардҳои назаррас саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи ҳамоиш бо иштироки довталабони стипендияи раиси ноҳияи Шоҳмансур барои соли таҳсили 2025-2026 озмун дар синфхонаҳо ба кори худ шуруъ намуд. Довталабон аз рӯи барномаи таълимӣ ва фанҳои таълимӣ донишу маҳорати худро месанҷанд.
Бояд гуфт, ки дар озмун 221 нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуда, 55 нафари онҳо гирандаи Стипендияи раиси ноҳияи Шоҳмансур мегарданд. Маҳз ҳамин ғамхориҳост, ки имрӯз ҷавонон дар самтҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста дастгирӣ меёбанд.
Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва Стиендияи раиси ноҳияи Шоҳмансур барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, барои ҳавасманд намудани насли ҷавон ҷиҳати ба таҳсили муносиб фаро гирифтан, ташаккул додани маҳорат ва малакаю истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ