ОҒОЗИ МАВСИМИ ИСТИРОҲАТУ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ «ЗИМЧУРУД»
11 июни соли 2026, тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе маросими сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» воқеъ дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид. Субҳи барвақт аз назди бинои шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки масъулини соҳа, падару модарон ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ кӯдакон тавассути автобусҳои махсус ба истироҳатгоҳ сафарбар гардиданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тибқи қарорҳои қабулшуда, дар мавсими тобистонаи соли 2026 фаъолияти истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Зимчуруд» дар 4 баст (давра) ба роҳ монда шуда, дар ҳар баст 250 нафар кӯдак ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар мавсими имсола барои фарогирии 1000 нафар к шароит муҳайё гардидааст.
Ба истироҳатгоҳ пеш аз ҳама кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд, инчунин хонандагони фаъол, ғолибони олимпиадаҳо, озмунҳо ва мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур сафарбар карда мешаванд. Синну соли кӯдакони фарогирифташуда аз 7 то 14 сола муайян гардидааст. Қобили зикр аст, ки дар басти якуми истироҳатгоҳ дар баробари хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур, инчунин қариб 40 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе низ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» барои кӯдакон тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ муҳайё гардида, онҳо метавонанд дар муҳити солим ва бехатар истироҳат намуда, вақти худро самаранок сипарӣ намоянд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ