image

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ "МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ҶАНБАҲОИ ИЛМИИ ПЕШГИРИИ ОН”

date_range11.06.2026, 14:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye25

Масъалаи муқовимат бо терроризму экстремизм дар АМИТ бо баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои илмии пешгирии он” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд. 
Дар ҳамоиш Президенти АМИТ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ММ ва МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо, КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар донишмандону коршиносони соҳаи хуқуқи кишвар ширкат ва суханронӣ намуданд. 
Конфронс бо ибтикори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ баргузор карда шуд. 
Зимни чорабинии илмӣ зикр шуд, ки падидаи нанговари терроризм ва экстремизм ба ҷони инсонҳо, арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии инсонҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаро пайгирӣ мекунад, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонад. 
Таъкид шуд, ки имрӯз бо ташаббус ва роҳнамоии сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ, бахусус бо қабули як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм, иттиҳодияҳои ғайриқонунии динӣ бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм фароҳам гардидааст. 
Баррасии ин ва дигар паҳлуҳои масъалаи муқовимат бо терроризму экстремизм дар конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар АМИТ дар нашри барномаи иттилооти «Вақт» шоми имрӯз соати 19:00 ва 21:00 манзури бинандагон мегардад. 

Сарвиноз Гулова 
«Телевизиони Душанбе»