image

ОҒОЗИ МАВСИМИ ИСТИРОҲАТУ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР ИСТИРОҲАТГОҲИ «ШАРОРА»-и НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

date_range11.06.2026, 20:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye18

11 июни соли 2026, тибқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маросими сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Шарора» баргузор гардид.

Субҳи имрӯз аз назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳия Аминзода Манижабону, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҷамшед Маҷидзода, падару модарон ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ кӯдакон тавассути автобусҳои махсус ба истироҳатгоҳ сафарбар карда шуданд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тибқи қарорҳои қабулшуда, дар мавсими тобистонаи соли 2026 фаъолияти истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Шарора» дар 4 баст (давра) ба роҳ монда шуда, дар ҳар баст 180 нафар кӯдак ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар мавсими имсола барои фарогирии 720 нафар кӯдак шароит муҳайё гардидааст.

Ба истироҳатгоҳ пеш аз ҳама кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд, инчунин хонандагони фаъол, ғолибони олимпиадаҳо, озмунҳо ва мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ сафарбар карда мешаванд. Синну соли кӯдакони фарогирифташуда аз 7 то 14 сола муайян гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар басти якуми истироҳатгоҳ дар баробари хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин қариб 50 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе низ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар истироҳатгоҳи «Шарора» барои кӯдакон тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ муҳайё гардида, онҳо метавонанд дар муҳити солим ва бехатар истироҳат намуда, вақти худро самаранок сипарӣ намоянд.