«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН ДОИР ШУД
12 июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Нахуст, бо сухани муқаддамотӣ муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукурзода Саодат ҳузури ҳозиринро ба чорабинӣ хайрамақдам гуфта, зимни суханронӣ хеш аз ташаббусҳои созандаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани нерӯи зеҳнии ҷомеа Пешвои миллат солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намуда, дар ин замина бо иқдомҳои шоиставу бунёдкорона Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”-ро эълон доштанд. Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба ҳисоб рафта, барои дарёфти истеъдодҳои нав дар самти рушди технологияи иноватсионӣ ва раҳнамоии ҷавонон ба ихтироъкориву навоварӣ мусоидати бевосита мекунад.
Ҳамзамон, дар идома қайд гардид, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 январи соли 2026, №АП950 ва дар ин замина ҷиҳати татбиқи қарори Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, аз 25 феврали соли 2026, №09 барои ташкил ва гузаронидани даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар робита ба ин, ҳайати комиссияи босалоҳият ва ҳакамони нуктасанҷ аз рӯйи номинатсияҳои муқарраргардидаи Озмун ғолибонро муайян намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби комиссия тадорукот ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба мукофотҳои пулӣ ва дигар ҷоизаҳои муқарраршудаи Озмун сарфароз гардонида шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ