МАШВАРАТИ КОРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», санаи 12 июни соли 2026 дар толори Маркази саломатии шаҳрии №11 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва кормандони соҳаи тандурустӣ бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар оғози вохурӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, корҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони соҳаи тиб, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба ҷомеа ва давлат ба иштирокчиён маълумоти муфассал доданд ва дар охир ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои муфасал гардониданд.
Сипас, мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳия Сайдализод Наҳтулло Қурбоналлӣ дар бораи ғайри қонуни истифода бурдани нурӯи барқ, истифода аз ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин самт ва истифодаи ҳисобкунакҳои ғайристандартӣ ва нистабати чунин ҳуқуқвайронкуниҳои чораҳои қонуни татбиқ карданро ба ҳозирин фаҳмониданд.
Ҳамзамон, вобаста ба мавзуи ҷаласа мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Тоҷибоев Ҷумабой Файзалиевич дар навбати худ қайд карданд, қонуну қарорҳои дахлдори соҳавӣ тамоми ҳолатҳои коррупсиониро пешгирӣ ва дар баргузории тамоми ҷашну маросимҳои анъанавии мардум тавозунро ҷорӣ кардааст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ҳангоми баргузории ҷашну маърака, аз қабили зодрӯз берун аз хонавода, гузаронидани паншанбегиҳо барои аъзодорон ва дигар ҳуқуқвайроникуниҳо доир ба танзим гуфта гузаштанд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ба табибон ва кормандони Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №11 дар ноҳияи Фирдавсӣ маводи иттилоотӣ вобаста ба муқовимат ба коррупсия дастрас карда шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ