image

Оғози Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: фазои сулҳ ва рушди муштарак» дар шаҳри Душанбе

date_range12.06.2026, 11:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye26

12 июни соли ҷорӣ дар Кохи Наврӯз Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: фазои сулҳ ва рушди муштарак» бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз кард. 

Конфронсро Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ намуд. 

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, таъмини сулҳу субот, густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, рушди инфрасохтор, ҳамгироии нақлиётӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи дорои аҳамияти стратегии бузург метавонад дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай барои таҳкими эътимод, рушди устувор ва пешбурди ҳамкориҳои судманд нақши калидӣ бозад. 

Конфронс инчунин барои мубодилаи афкор ва таҳияи пешниҳодҳои муштарак ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳои аъзои СҲШ заминаи мусоид фароҳам овард. 

Сарвиноз Гулова

“Телевизиони Душанбе”