image

Дар Китобхонаи муосири пойтахт таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – рамзи иттиҳоду ҳамбастагӣ» чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид

date_range13.06.2026, 14:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye10

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин санаҳои таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, рамзи сулҳ, субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди мардуми кишвар ба шумор меравад. Ба ин муносибат дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи муосири пойтахт»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар партави ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – рамзи иттиҳоду ҳамбастагӣ» чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши идона омӯзгорону курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони соҳаи фарҳанг ва дӯстдорони китоб ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ тарғибу ташвиқи арзишҳои волои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ гардид.

Зимни суханронии худ роҳбарияти китобхона аз аҳамияти таърихии ин санаи муҳим ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Инчунин дар бораи нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар идомаи чорабинӣ ширктадорони дигар бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад карда, доир ба моҳияти Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷойгоҳ ва арзиши он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ барои рушди устувори давлат, пешрафти иқтисодиву фарҳангӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум заминаи мусоид фароҳам овардааст. Курсантҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромад намуда, андешаҳои худро оид ба аҳамияти сулҳу ваҳдат, масъулияти ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеаи муосир баён намуданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ низ хотирмон ҷараён гирифт. Дастаи ҳунарии Мактаби мусиқии рақами 1 ба номи П.И. Чайковский бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва таронаҳо дар васфи Тоҷикистони соҳибистиқлол фазои идонаро боз ҳам шукуҳманд гардонид.