image

ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА БАРГУЗОР ГАРДИД

date_range15.06.2026, 13:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye37

13 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе - Раҳимзода Толиб Карим, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб, Раиси шаҳри Турсунзода - Акрамзода Парвиз Акрам ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода шинос гардида, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони шаҳри Турсунзода бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ -  Қодирзода Руслан Раҷаб ба Раиси шаҳри Турсунзода - Акрамзода Парвиз Акрам барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муаррифии дастовардҳои шаҳри Турсунзода дар пойтахти кишвар Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро тақдим намуд.
Бояд зикр кард, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат намуда, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.