image

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ҲАЙАТИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

date_range15.06.2026, 12:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye16

15 июн муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ бо ҳайати Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои пешгирӣ ва баланд бардоштани тобоварии шаҳр ба тағйироти иқлим, рушди иқтисодиёти шаҳрӣ, такмили идоракунии шаҳрӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалии мақомоти маҳаллӣ муҳокима намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки рушди шаҳри Душанбе иброз доштанд.