МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД
15 июн муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин бо ҳайати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе ва густариши ҳамкориҳо байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории роҳу нақлиёт, ворид намудани барномаҳои муосири рақамӣ ҷиҳати моделсозии системаҳои нақлиётӣ ва идоракунии ҳаракати нақлиёт ва коҳиш додани тамбашавии роҳҳо, инчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани самаранокии низоми нақлиёти шаҳриро матраҳ намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити ҳаракат дар шаҳри Душанбе омодагии худро баён доштанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ