image

ЧОРАБИНИИ ИФТИТОҲӢ БАХШИДА БА ОҒОЗИ МАВСИМИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ДАР ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ «ШАРОРА»

date_range16.06.2026, 19:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye9

16 июн дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» чорабинии тантанавӣ бахшида ба оғози мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, масъулини шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони соҳаи маориф ва кормандони истироҳатгоҳ иштирок намуданд.

     Зимни суханронии худ Манижабону Аминзода иброз дошт, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои татбиқи ин ҳадаф ҳамасола тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

     Қайд гардид, ки истироҳатгоҳи «Шарора» барои қабули хонандагон ҳамаҷониба омода буда, дар он барои истироҳату фароғат, машғулиятҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва маърифатии наврасон шароити мусоид муҳайё гардидааст.

     Барномаи рӯзонаи истироҳаткунандагон машқҳои пагоҳирӯзӣ, чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ, бозиҳои шавқовар, маҳфилҳои эҷодиву маърифатӣ ва дигар машғулиятҳои тарбиявиро дар бар мегирад. Ҳамзамон барои рушди қобилият ва истеъдоди хонандагон озмунҳо ва маҳфилҳои гуногун ташкил карда мешаванд.

     Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби тарбиятгирандагон барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, сурудҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ манзури ҳозирин гардонида шуданд.

    Қобили зикр аст, ки дар баробари хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ҳамчунин барои тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ имконияти истироҳат ва солимгардонӣ фароҳам оварда шудааст. Бо мақсади таъмини амният ва ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ, сифати ғизо ва дигар меъёрҳои зарурӣ таҳти назорати доимии сохторҳои дахлдор қарор дорад.

     Чорабинӣ дар фазои идона баргузор гардида, ба оғози мавсими нави истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи «Шарора» ҳусни оғоз бахшид.