ҲАЙАТИ ЭҶОДИИ РӮЗНОМАИ «НАВИДИ СИНО» АЗ ТЕЛЕВИЗИОНЕ, КИ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД, БОЗДИД НАМУД
Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам, такмили маҳорати касбӣ ва шиносоӣ бо имкониятҳои муосири соҳаи телевизион, ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии рӯзномаи «Навиди Сино»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид ҳайати эҷодӣ аз раванди корҳои танзимгарӣ, наворбардорӣ, фаъолияти марказҳои техникӣ, студияҳои муосир ва тарзи омодасозии барномаву гузоришҳои телевизионӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳадафи асосии боздид омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва татбиқи он дар фаъолияти студияи назди рӯзномаи «Навиди Сино» арзёбӣ гардид.
Маврид ба зикри хос аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дар заминаи сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дастгириҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои фаъолияти кормандони Телевизиони Душанбе тамоми шароити зарурии корӣ ва имкониятҳои муосири техникӣ муҳайё гардидааст.
Масъулини муассиса иттилоъ доданд, ки имрӯз Телевизиони Душанбе аз лиҳози зебоии муҳити корӣ, иқтидори моддӣ-техникӣ ва сифати пешниҳоди наворҳо, хабарҳо ва гузоришҳо на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар миёни як қатор давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя мавқеи намоёнро касб намудааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сифати пахши наворҳо аз формати HD ба сатҳи муосири 4K гузаронида шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти эҷодӣ ва таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ба маблағи зиёда аз 7 миллион доллари амрикоӣ таҷҳизоти нави муосир ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар фарҷоми боздид ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии рӯзномаи «Навиди Сино» ба роҳбарият ва кормандони Телевизиони Душанбе барои пазироии самимӣ ва мубодилаи таҷрибаи судманд изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки дониш ва таҷрибаи андӯхташуда дар рушди фаъолияти студияи назди «Навиди Сино», баланд бардоштани сифати маҳсулоти иттилоотӣ ва тақвияти корҳои тарғиботию маърифатӣ самаранок истифода хоҳад шуд.
Саидаброр САИДӢ, "Навиди Сино"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ