Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
20 июн дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Шота Руставелии шаҳри Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ намояндагони расмии ду давлат, аз ҷумла аъзои ҳайати давлатии Гурҷистон таҳти роҳбарии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, адибон, донишмандон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Насби нимпайкараи Шота Руставелӣ рамзи таҳкими равобити дӯстона, фарҳангӣ ва таърихии байни ду халқи дӯст маҳсуб меёбад. Шота Руставелӣ, муаллифи достони ҷовидони «Паҳлавони пӯсти палангпӯш» дар адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар адабиёти тоҷик мақоми баланд дорад.
Асарҳои ӯ ба забонҳои гуногун, аз ҷумла, тоҷикӣ тарҷума шуда, мавриди мутолиаи хонандагон қарор дорад.Дар асар муаллиф ғояҳои баланди ахлоқӣ, баробарӣ, инсондӯстӣ ва ваҳдати халқҳои гуногунро тарғиб мекунад. Достон дорои фалсафаи амиқ буда, дар саросари ҷаҳон, инчунин дар фарҳанги тоҷик мавқеи хос дошта, тарҷумаи тоҷикии он бо ҳамкории шоирони маъруф анҷом дода шудааст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ