Маросими пушидашавии Форуми XI – уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим” маросими пушидашавии Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» доир гардид.
Дар маросим муовини Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ғафурзода Абдухалил ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкиливу муҳтавои баргузор намудани Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» изҳори сипос карда шуд.
Гуфта шуд, ки дар ҷараёни Форум кӯдакон аз фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои кишварҳои иштирокчӣ баҳравар шуданд, ки барои тақвияти робитаҳои дӯстона байни намояндагони насли ҷавони кишварҳои Иттиҳод муҳим мебошад.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни Форум “Гувоҳнома” ва “Сипоснома” тақдим ва чорабинии фарҳангии пешниҳод карда шуд.
Мавриди зикри хос аст, ки Форум бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 22 июни соли 2026 дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Шоҳин” воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардида, 23 июн дар шаҳри Душанбе идома ёфт.
Дар шаҳри Душанбе кӯдакон аз як қатор муассисаҳои фарҳангии пойтахт ва Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ