БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ФАРҲАНГИ СУЛҲОФАРӢ ВА ВАҲДАТГАРОӢ ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКОН" ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Фарҳанги сулҳофарӣ ва ваҳдатгароӣ дар таърихи тоҷикон” баргузор гардид. Ин ҳамоиши илмӣ ба ду санаи муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуд.
Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Фарҳанги сулҳофарӣ ва ваҳдатгароӣ дар таърихи тоҷикон” бо сухани ифтитоҳи директори Осорхонаи миллӣ оғоз гардид. Зимни баромади масъулин иброз шуд, ки ҳадафи асосии конфронс таҳлили илмии раванди сулҳофарӣ, эҳёи ваҳдати миллӣ, нишон додани нақши таърихии халқи тоҷик дар таҳкими дӯстиву бародарӣ ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор мебошад.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ тавассути нигораҳо хеле назаррас аст. Дар ин боргоҳи маърифат, дар канори дигар бахшҳои таърихӣ, гӯшаи доимоамалкунандаи “Ваҳдати миллӣ” ҷойгоҳи хосса дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо нигораҳо, асноди расмӣ ва аксҳои нодире маҳфузанд, ки марҳалаҳои музокироти сулҳи тоҷиконро инъикос мекунанд.
Сипас, намояндагони сохторҳои илмӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар маърузаҳои пурмазмуни худро пешниҳод намуданд. “Таҳкими амнияти миллӣ - омили асосии ҳастии миллат ва ваҳдати пойдор”, “Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муваффақ гардидан ба Ваҳдати миллӣ”, “Хислати сулҳофарӣ ва ваҳдатгароии тоҷикон дар таърих” ва “Ваҳдати миллӣ - асоси сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон” аз ҷумлаи мавзуҳои баррасишуда буданд, ки зимни пешниҳоди маърузаҳо ширкатдорон андешаҳои илмии худро иброз доштанд.
Иштирокчиёни конфронс таъкид намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолӣ барои сарҷамъ намудани миллати тоҷик, ки дар вартаи нестӣ қарор дошт, нақши таърихӣ бозид.
Маврид ба зикр аст, ки дар Осорхонаи миллӣ пайваста чунин чорабиниҳои маърифатӣ ташкилу баргузор карда мешавад. Бо созмон додани ин чорабинӣ масъулин ин санаи таърихиро ба таври шоиста истиқбол гирифтанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ