image

ЭЪЛОН: Интиқоли оби нӯшокӣ дар як қисми ноҳияи Сино муваққатан қатъ гардидааст

date_range01.07.2026, 21:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye41

Муҳтарам сокинони шаҳри Душанбе!
КВД «Обу корези Душанбе» ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бинобар рух додани садама дар қубури магистралии оби нӯшокӣ бо қутри D-900 мм, интиқоли оби нӯшокӣ дар як қисми ноҳияи Сино муваққатан қатъ гардидааст.
Айни замон мутахассисон ва гурӯҳҳои фаврии КВД «Обу корези Душанбе» бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои бартараф намудани садама ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда истодаанд.
Тибқи нақшаи кор, корҳои барқарорсозӣ то соати 07:00-и субҳ ба анҷом расонида шуда, пас аз он интиқоли оби нӯшокӣ тадриҷан ба ҳолати муқаррарӣ барқарор хоҳад гардид.
Аз ҳамаи сокинони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар ин муддат бо сабру таҳаммул муносибат намуда, аз нороҳатии пешомада маъзур донанд.
КВД «Обу корези Душанбе» барои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва сабру таҳаммули сокинони азиз изҳори сипос менамояд.